Сӯҳроби Сафарзод гӯё маргашро эҳсос карда буд
05.03.2011
Сӯҳроби Сафарзод, хонандаи ҷавони мусиқии попро сактаи қалб барои ҳамешагӣ дар ин дунё аз дӯстону ҳаводорон ва пайвандонаш ҷудо кард. Сӯҳроби Сафарзод, ҳамагӣ 30 сол дошт ва ба тозагӣ даричаи шӯҳрат ба рӯяш во шуда буд. Ӯ ҷойгоҳи хосеро дар олами санъати тоҷик касб карда буд.
Сӯҳроби Сафарзод дуюмин хонандаи тоҷик аст, ки бо сурудҳои Муин, овозхони маъруфи форсзабони муқими Амрико миёни мухлисон муаррифӣ шуд. Фахриддини Малик ҳам ба шоҳроҳи шӯҳрат баъди бозхонии таронаҳои Муин ворид гардид. Дар қиёс ба аксари ҳофизони дигар Суҳроби Сафарзод дар бозхонӣ то андозае муваффақ дониста мешуд, шояд ба ин хотир, ки ӯ суруди аслро тақрибан таѓйир намедод, ҳам оҳанг ва ҳам матну шеваи бозхонӣ айнан иҷро мегардид. Овози Суҳроб низ ба Муин шабоҳатҳое доштанд. Ба оҳистагӣ ҷои колексияи сурудҳои бозхонишударо таронаҳои худи ӯ танг кардан гирифтанд. Сурудҳои «Нозанин», «Азизи диламӣ», «Ишқи ман», «Панҷара» ӯро миёни мухлисон зиёдтар машҳур гардонд. Дуэтҳое низ бо Шабнами Сурайё (Ишқи ту), Дилноза Сафарова (Нозанин), Остони Азиз (Аруси сарзаминам) ваҲабиба (Дил шикастӣ санам) иҷро кардааст, ки ба шӯҳраташ афзуд.
Як вижагии сурудҳои Сӯҳроб омезиши оҳангҳои эрониву ҳиндӣ буд, ки таронаҳояшро бештар массир ва маҳбуби ҳаводоронаш мегардонд. Мувофиқати ҳаракатҳои саҳнавияш бо матни сурудҳо низ ба андозаи 80 дар садро ташкил медод. Ба фарқ аз бархе овозхонҳо ҳангоми иҷрои таронаҳои маҳзун рақсҳои берабт намекард. Аммо дар ҳолатҳое, ки суруди шӯхеро иҷро мекард (махсусан дуэт, ки бо Дилноза дар толори Сирк суруд), ҳамчунон чеҳраи гирифтае дошт ва дар саҳна қариб беҳаракат меистод.
Сӯҳроб аз оғози соли 2000-ум дар саҳна муаррифӣ гардид. Ихтисоси
мусиқӣ надошт, аммо зимни таронасароӣ нозукиҳои талаффузи калимаҳоро риоя мекард, садояш бо оҳанг тавъам буд. Дӯстонаш мегӯянд, Сӯҳроб тасмим дошт, фурсати наздиктарин маҷмӯи нави таронаҳояшро таҳия ва пешниҳоди мухлисон кунад. То ин вақт Сӯҳроб ҳамагӣ як албоми худро таҳия карда буд, маҷмӯаи дуюми таронаҳояш нотамом монд. Сӯҳроб тасмими филмсозӣ низ доштааст, аммо акнун ин нақшаи ормонии ӯро шояд дӯстони ҳампешааш амалӣ мегардонанд. Охирин таронаи ӯ дар шакли дуэт як рӯз қабл аз маргаш суруда шудааст. Олим Ширинов, коргардони овоз ба хабарнигорон гуфтааст, Сӯҳроб рӯзи 9-уми декабр (як рӯз пеш аз фавташ) зимни тамоси телефоние изҳор доштааст, ки бояд таронаи навашро сабт кунад. Олим пешниҳод кардааст тарона фардо сабт шавад, вале Сӯҳроб зиёд исрор намуда, ки бояд ҳамин рӯз сурудро таҳия кунанд. Гӯйё Сӯҳроб медонист, ки фардо дигар имкони пешниҳоди тарона даст намедиҳад. Ҳоло дӯстонаш мегӯянд, ин сурудро ҳамчун охирин ҳадяи Сӯҳроб ба мухлисон пешкаш хоҳанд кард.
Баъди он ки хабари марги Сӯҳроби Сафарзод ба монанди раъду барқи баҳорӣ бо суръати кайҳонӣ паҳн шуд, миш-мишу сару садоҳо низ дар мавриди сабабҳои марги ӯ баланд шуданд. Ҳарчанд табибон иллати аслии даргузашти хонандаи ҷавонро сактаи қалб унвон карданд, аммо миш-мишҳову «гӯшаки»-ҳое низ шунида мешуд. Истифодаи аз меъёри зиёди маводи нашъадор асоси ин овозаҳоро ташкил медод. Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки дар қиболи хонандаҳову чеҳраҳои маъруфи санъат ба ин монанд овозаҳо паҳн мешавад. Агар ба ин овозаҳо, ки касе маълум накардааст, сарчашмаи аслияш киҳоянд бовар кунем, аксари сарояндаҳои тоҷик гирифтори бемории нашъамандиянд. Фарзияҳое низ ҳастанд, ки чунин овозаҳоро аслан ба хотири бадном кардани сарояндаҳо паҳн мекунанд. Баъзеҳо ҳатто бовар доранд, ки овозабофӣ кори рақибони хонандаҳо аст- аз шӯҳрати як сароянда ҳофизи дигар нороҳат шуда мехоҳад бо паҳн кардани овозаҳо ба номи ӯ иснод биёварад. Тавре ишора рафт, аммо то куҷо ҳақиқат доштани ин сару садоҳо норӯшан аст, ҳамон гуна, ки овоза дар мавриди сабаби марги Сӯҳроби Сафарзод. Аз ин хотир беҳтарин вариант бовар кардан ба хулосаи ташхиси тиббӣ аст, ки сактаи қалбро аз сабабҳои аслии марги Сӯҳроб мешиносад. Гузашта аз ин ба нақли модари Суҳроб вақтҳои охир аз дарди дил шикоят доштааст. Дар ин нукта зарур аст ишора кунем, ки сактаи қалб аз миёни сарояндаҳои ҷавон танҳо риштаи умри Сӯҳроби Сафарзодро канда накардааст. Дар моҳи майи соли ҷорӣ Зулфиқори Азиз, овозхони гурӯҳи маъруфи «Анис» ва ду сол қабл Соҳибқирони Нозим, сароянда ва оҳангсози муваффақ ҳам бо иллати бемории қалб мухлисонашонро тарк гуфтанд.
Сӯҳроби Сафарзод дар оромгоҳи мавсум ба Калинини шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Ба иттилои расида, рӯзи ҷанозаи ӯ ҳеч нафаре аз масъулини вазорати фарҳанг ҳузур надоштааст. Аз тариқи шабакаҳои телевизион ҳам дар мавриди марги сароянда хабаре пахш нашуд. Воқеан, дар Тоҷикистон баъзан бо журналистони расонаҳои мустақилу сарояндаҳои берун аз долонҳои ҳукуматҳо ончунон муносибат мешавад, ки дар тафсираш чизе барои гуфтан намемонад.
Сӯҳроби Сафарзод як хонандаи бомаҳорат буд. Ӯ ҳанӯз шахсияти ба тамом накшодае дар санъати эстрада буд, ки ба таври комил муаррифӣ нашуда буд. Марг чунин имконро ба вай надод. Аммо сурудҳои бозхонишудаву таронаҳои иҷрокардааш ӯро барои ҷовидонӣ миёни дӯстон, пайвандон, ҳампешагон ва мухлисон зинда медорад.
(бознашр аз ҳафтаномаи «ОЗОДАГОН»)
