Новости, Хабарҳо

Салом! Хуш омадед!, Привет! Добро пожаловать!

 

 

Дар ҷустуҷӯи хушбахтии модар

 


Ин навиштаамро ба модарам тақдим мекунам ва дар симои ӯ рухсори нуронии модарони бурдбори тоҷикро мебӯсам. Ин навишта ки ҳеч, ҳатто тақдими тамоми буду набудам ба пешгоҳи модар маро аз дайни фарзандӣ дар баробари ин офаридаи малакутӣ бар замин раҳо нахоҳад кард. Модаре, ки бори ғами як хонадонро ба рӯи шонаҳои зарифаш мекашад, солиёни сол бо ду дасти барафроштаи дуъо роҳи фарзанди роҳдурашро мепояд ва аз Парвардигор чизе ба ҷуз саъодати фарзандонаш намехоҳад, ки гӯӣ вуҷуди ӯ аз гиле дигар сириштаанд… 

Шаш сол пеш дар ҳамин рӯзҳо шеъргунае гуфта будам:

Шаҳри ман пушти ҳамон кӯҳи баланд аст,
Ҳамон!

Модаре ҳаст он ҷо
Пур аз бӯи биҳишт.
Тобиши шуълаи хуршед аз ӯст,
Мохро меҳри мунираш ба фазо меорад,
Гул бари дидани ӯ мерӯяд,
Осмон ғуссаи ӯ меборад,
Лола бо шодии ӯ механдад,
Булбул аз қиссаи ӯ мегӯяд…
Модаре ҳаст, ки номуси Худост...

Аммо ҳамаи ин гуфтаҳо ҳамчунон саробест дар баробари муроди мо; нахудест дар баробари кӯҳи мақсуди мо. Ва эй кош аз марзи шеъру шиъор фаротар рафта будем ва воқеъиятро меъёр медонистем. Кош медонистем, ки ин ҳазор ман вожа давои дарди модаре намешавад, ки чашми умед ба ояндаи равшани фарзандонаш дӯхтааст. Ва эй кош медонистем, ки бо “Рӯзи Модар” номидани Рӯзи байнулмилалии зан ҳам зиндагии модар осудатар ва дағдағаи хотири ӯ бартараф намешавад. 

Фарзандони шоистатаре дар сомонҳои дигар коре карданд, ки миёнгини тӯли умри модаронашон ба 81 сол (Омрико) ё 82 сол (Бритониё) ё 84 сол (Фаронса) ё ҳатто ба 86 сол (Жопун) бирасад. Дар ҳоле ки миёнгини умри як зан дар Тоҷикистон бештар аз 69 сол нест. Мо дар шеъру шиъор умри дарози модаронамонро орзу мекунем; онҳо дар амал ба модарон умри дарозу босаъодате ба армуғон овардаанд.

Ёдам намеравад, ки дар нахустин рӯзҳои иқоматам дар Ландан бо як дӯсти солмандам ба як зиёфати вижаи солмандон рафта будам. То садои мусиқӣ баланд шуд, пирмардону пирзанони болои 80 сол баланд шуданду рақсиданд. Пиртарин рақсандаи он ҷамъ бонуи қоматбаланде буд, ки 96 сол дошт ва дар конуни таваҷҷуҳи ҳамагон буду аз ин рӯ бештар аз дигарон мечархиду мерақсид. Пас аз ҷашну зиёфат ҳам ин солмандони хушбахти инглисӣ савори мошину дучарха шуданду рафтанд; иддае ба хонаҳояшон, шуморе ҳам ба варзишгоҳу истахри шино. Чи рӯсапеданд фарзандони сарзамине, ки барои мӯсапедонашон чунин шароитеро фароҳам кардаанд! 

Албатта, чунин шароите якшаба фароҳам нашудааст. Ва худи ин мӯсапедон дар чидани заминаи пирии бовиқорашон саҳми боризтаре доранд. Онҳо ҳам замоне дар мулке зиндагӣ мекарданд, ки моломол аз дарди башарӣ буд; зулму ситаму истибдоду фасоди молию хешовандсолорию хӯи барбарӣ ҳукумат мекард. Аммо бо ташхис ва дарки арзишҳои инсонӣ ва бо талош барои даст ёфтан ба онҳо дастикам то ҷое пеш рафтаанд, ки имрӯз мояи ҳасодати мо шудаанд. Арҷ гузоштан ба ҳуқуқи зан аз ҷумлаи арзишҳои бунёдинест, ки дунёи ғарбиҳоро дигаргун кард. Андешаварон ва сипас фармонравоёни ин сарзамин замоне дарёфтанд, ки набуди занон дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ, баростӣ, ҳамонанди буридани яке аз ду боли паранда аст. Дарёфтанд, ки занон, яъне дуруст нисфи ҷомеъа, бояд ба андозаи мардон аз ҳуқуқу озодиҳо бархурдор бошанд. Вуруди занон ба арсаҳои пешрафт хаёли пешрафтро воқеъӣ кард. Он боли мафлуҷ (фалаҷшуда) дармон ёфт ва паранда ба вусъати осмон пар кашид.

Пас шеъру шиъорро канор бигзорем ва хуб андеша кунем, ки чигуна метавон ба модар арҷи лозимро гузошт. Ин арҷгузорӣ аз эҳтиром ба ҳуқуқи зан оғоз мегирад, ки фалсафаи таҷлил аз рӯзи 8 морс (март) аст. Нахустин фарёдҳои “озодӣ, баробарӣ, бародарӣ” аз гулӯи занон дар поёни садаи 18 дар ҷараёни Инқилоби Фаронса баланд шуд; шиъоре, ки имрӯз то ба ҳадде ба самар расидааст. Аммо бас дур аз сарзамини мо, ки рӯзе-рӯзгоре ҷашни Сипандормузгон (Исфандгон) дошт. Абӯрайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” менависад, ки ин рӯз (5 исфанд баробар бо 24 феврие) пеши эрониёни бостон рӯзи бузургдошти зан ва замин буд. Бо гузашти садсолаҳо порае аз ин сарзамин “Рӯзи Зан”-ро аз занон дареғ медорад ва онро бо баёне суннатитар “Рӯзи Модар” меномад; ғофил аз ин ки эҳтиром ба модар аз эҳтиром ба ҷинси ӯ оғоз мегирад. Ҳатто нигоҳе сатҳӣ ба вожаи “зан”, ки бо “зиндагӣ” ва “зояндагӣ” ҳамреша аст, эҳтиромбарангез аст. Ин монандӣ дар забони русӣ ҳам побарҷост (женщина – жизнь). Дар ҳоле ки мард қавию пуртавон, аммо мирост (мард – марг, мурдан; мужчина – смерть), зани зарифу латиф зояндаву поёст. 

Пас ба зиндагию зояндагӣ арҷ бигзорем; бо шикастани тилисми сукуту ситами зан, бо ҳамсанг шинохтани ҳуқуқи зан бо мард ва бо рондани андешаҳои сангвораии занситезона. Он гоҳ модарон хушбахт мешаванд.

 

ЯК ДАРВЕШ / A DERVISH

 

 

Покалеченный житель Душанбе С. Сангов скончался в больнице

 

Азия-Плюс

Душанбе. 5 марта. - | 37-летний житель Душанбе Сафарали Сангов, находившийся с 1 марта в критическом состоянии в реанимации Национального медицинского центра (Караболо), скончался утром 5 марта. Его родственники до сих пор утверждают, что он подвергся жестокому избиению со стороны сотрудников милиции, что и привело его к смерти.

 

Хиллари Клинтон намерена посетить Таджикистан

Хиллари Клинтон намерена посетить Таджикистан
Вопросы возможного визита госсекретаря США Хиллари Клинтон в Таджикистан обсуждены в Душанбе. Как сообщили ИА REGNUM в Департаменте информации МИД Таджикистана, в конце прошлой недели этот вопрос обсуждался на встрече главы таджикского внешнеполитического ведомства Хамрохона Зарифи с послом США в Таджикистане Кеннетом Гроссом.

Пакистан и Таджикистан обсудили развитие торгово-экономического сотрудничества

Душанбе. 5 марта. «Азия-Плюс» - | Вопросы развития торгово-экономического сотрудничества и привлечения инвестиций были обсуждены накануне, 4 марта, в Исламабаде в ходе встречи председателя Торгово-промышленной палаты (ТПП) Таджикистана Саида Шарифа со своим пакистанским коллегой Мафузом Илахи.

Гражданина Таджикистана обвиняют в серии убийств в Екатеринбурге

В Екатеринбурге завершено расследование уголовного дела в отношении 21-летнего гражданина Таджикистана. Как сообщили 5 марта корреспонденту ИА REGNUM в следственном управлении Следственного комитета России, его обвиняют в серии убийств и изнасилований местных жительниц.

В Москве обсудили праздничную программу в честь Навруза

 

Душанбе. 5 марта. «Азия-Плюс» - | В Москве будет организовано культурное мероприятие, посвященное празднику Навруз, на котором выступят известные таджикские исполнители. Об этом, как сообщило «АП» посольство РТ в РФ, заявил президент Общероссийской общественной организации «Федерация мигрантов России» (ФМР) Маджумдер Мухаммад Амин в ходе встречи с посолом РТ в России Абдулмаджидом Достиевым. 

 

Все о
Ворухе